Феврал 24, 2023 17:25 Asia/Dushanbe
  • Муродуллоҳ Носиров мақоми аввалро соҳиб шуд
    Муродуллоҳ Носиров мақоми аввалро соҳиб шуд

Муродуллоҳ Носиров, устоди Муассисаи омӯзиши миёнаи умумии шумораи 124 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар дуюмин давраи олимпиадаи байналмилалии Фаронса мақоми аввалро касб кард.

Ба гузориши “Ховар”, ин олимпиада бо ҳузури 112 нафар аз устодони бартар аз кишварҳои Русия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон, Тоҷикистон ва соири кишварҳо дар таърихи 18 феврал дар Донишгоҳи байналмилалии Мерсеи Фаронса дар риштаҳои риёзӣ, физика ва химия баргузор шуд.

Ин дар ҳолест, ки Муродуллоҳ Носиров дар олимпиадаи байналмилалии АвруОсиё, ки дар январи соли 2023 ба сурати онлайн дар риштаҳои физика, риёзӣ ва химия баргузор шуд, мақоми сеюм, диплом ва ҷоизаи нақдиро касб кард.

Дар ин олимпиада 1328 муаллим аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон ширкат доштанд.

 

Барчасп