Феврал 25, 2023 10:24 Asia/Dushanbe
  • Рушди транзити хориҷии Эрону Арманистон

Мудири омили Созмони минтақаи озоди Арас, устони Озарбойҷони шарқӣ ( шимолу ғарби Эрон ) аз рушди тиҷорати хориҷии Эрону Арманистон хабар дод .

Эрону Арманистон бо тавваҷуҳ ба равобити деринаи ду кишвар пайвастагиҳои фаровоне доранд ; ин пешинаи мусбат дар абъоди мухталифи равобити ду кишвар таъсигузор буда ва ба ҳамин далел Арманистон дар равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Эрон дар байни кишварҳои ҳамсоя аз ҷойгоҳи хубе бархурдор аст .
Раванди рӯ ба афзоиши мубодилоти тиҷории ду кишвар нишон медиҳад, ки дар ин ҳамкориҳо бахши хусӯсӣ ва бозаргонони Эрону Арманистон алоқаи зиёде ба тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар заминаҳои тавлидӣ доранд ва дар воқеъ Арманистон ба унвони узви минтақаи Қафқоз дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё як шарики тиҷории муҳим барои Эрон аст .
Дар ҳамин росто ва ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷиди Киёнӣ- мудири омили Созмони минтақаи озоди Арас  дишаб ( ҷумъа ) дар нишасти тахассусии фурсатҳову маҳдудиятҳои тавсеаи тиҷорат бо Арманистон, бо ишора ба талош барои эҷоди минтақаи озоди муштараки Эрон бо Арманистон, гуфт : Саҳми Эрон аз 700 миллиард доллар фурсатҳои иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Иттиҳодияи Авруосиё 5.7 миллиард доллар аст .
Киёнӣ раванди мубодилоти тиҷории Эрону Арманистонро рӯ ба рушд арзёбӣ ва унвон кард : Эрон ва Арманистон метавонанд бо фароҳам намудани зерсохтҳои лозим ва эҷоди бозорчаҳои муштарак мубодилоти тиҷории худро афзоиш диҳанд.
мудири омили Созмони минтақаи озоди Арас  ҳамчунин гуфт : Колоҳои асосии содиротӣ аз минтақаи озоди Арас ба Арманистон шомили семон, оҳаки зинда,сулфури натрия, карбоноти калусиюм,  арматура(милгард ),варақи оҳанӣ ва галваниза, гачи сохтмонӣ ва мева аст .

 

Барчасп