Март 01, 2023 19:30 Asia/Dushanbe
  • 8 рӯз таътил дар иди Наврӯз
    8 рӯз таътил дар иди Наврӯз

Сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостонӣ 8 рӯз таътил ҳастанд.

Иди Наврӯз ҷашнии бостонии эрониён аст, ки бо оғози соли нави хуршедӣ дар бисёре аз кишварҳо баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Федератсияи Иттиҳоди коргарии мустақили Тоҷикистон имрӯз (чаҳоршанбе) аз таътилоти ҳаштрӯзаи ин кишвар дар рӯзҳои таҷлили иди бостонии наврӯз хабар дод ва эълом кард, тоҷикон дар ҷашни Наврӯз ҳашт рӯз (рӯзҳои 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март) таътил ҳастанд.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 23 феврали 2010 дар қатъномае, ки ба ибтикори Ҷумҳурии исломии Эрон ва теъдоди дигаре аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз пешниҳод шуд, рӯзи 21 марти ҳар солро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз номгузорӣ ва сабт кард ва аз кишварҳо дархост кард, бо баргузории маросимҳои мухталиф ин муносибатро пос бидоранд ва тарвиҷ кунанд.

 

Барчасп