Тақвияти равобити тиҷориву иқтисодии Суғди Тоҷикистону Русия
Дар дидори раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва муовини Вазорати саноат ва тиҷорати Русия мавзӯи муҳими ҷазби сармоягузорӣ дар пружаҳои бузургу кумак ба густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ баррасӣ шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Алексей Груздев, муовини Вазорати саноат ва тиҷорати Русия бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор хотирнишон шуд, ки минтақаи Суғд ба таври фаъол бо манотиқи мухталифи Русия, аз ҷумла Нижний Новгород, Свердловск, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Липетск, Воронеж, Красноярск ва Алтай ҳамкорӣ мекунад.
Изҳор шуд, ки тиҷорати хориҷии Суғди Тоҷикистон бо манотиқи мухталифи Русия ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст ва дар соли гузаштаи мелодӣ 616. 8 миллион доллар буд.
Дар чорчӯби сафари Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ба Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нуҳумин конфронси ҳамкориҳои минтақаӣ таҳти унвони мушорикати тиҷориву сармоягузории Русияву Тоҷикистон баргузор шуд.