Декабр 17, 2016 19:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Ҳинд

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Ҳинд дар Деҳлии Нав ҳузур дорад, имрӯз, 17 декабр бо нахуствазири ин кишвар мулоқот кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендро Моди дар бораи густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳинд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, радио ва телевизион, доруcозӣ, фаннию низомӣ, сайёҳӣ ва фарҳангу варзиш баҳсу табодули назар шуд. Авзои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъияти Афғонистон низ аз мавзӯъҳои гуфтугӯи Раҳмон ва Моди буд. Ду тараф дар ин дидор бо таъкид бар ин ки дар 25 соли ахир миёни Тоҷикистону Ҳинд 60 санади ҳамкорӣ имзо шудааст, хостори тақвияти фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишвар шуданд.

Дар поёни ин дидор чанд санади ҳамкории дуҷониба имзо шуд. Ёддошти тафоҳуми сиёсӣ, Созишномаи парҳез аз дарёфти андози изофа, тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва идораи назорат ба муомилоти молии Бонки Ҳинд ва тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Созмони радио ва телевизиони Ҳинд аз ҷумлаи ин аснод аст. Дар поёни маросими имзои ин асноди ҳамкорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендро Моди бо ширкат дар нишасти хабарии муштарак ба пурсишҳои хабарнигорон посух доданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбе ҳамчунин бо Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ, муовини раисҷумҳури Ҳинд дидор кард.