Баргузории нахустин ҳамоиши тиҷории корофаринони Тоҷикистон ва Словакия
Аввалин ҳамоиши тиҷории корофаринони Тоҷикистон ва Словакия дар Братислава барузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш Шараф Шерализода муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Питер Шултс муовини вазири иқтисодии Словакия ҳузур доштанд.
Дар чорчуби ин ҳамоиш, ки дар ҳошияи он ҳамчунин намояндагони сохторҳои давлати ва намояндагони касбу кори Тоҷикистон ва Словакия машғули фаъоляти дар бахши энержӣ, тавлид, истихроҷи нефту газ ва дорусози табодули назар карданд ва фурсатҳои тиҷори ва иқтисодии ду кившар муаррифи шуд.
Ниҳоди дипломатики Тоҷикистон ин ҳамоишро бистари муассир барои барқарории равобити тиҷори байни маҳфилҳои тиҷори ва густариши ҳамкориҳои тиҷори ва иқтисодии ду кишвар унвон карда аст.