Март 08, 2023 21:13 Asia/Dushanbe
  • Таъйини сафири нави Амрико дар Тоҷикистон
    Таъйини сафири нави Амрико дар Тоҷикистон

Сафири ҷадиди Амрико рӯнавишти устуворномаи худро ба муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Ба гузориши “Форс”, Мануэл Микаллер, сафири ҷадиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе, дар маросиме рӯнавишти устуворномаи худро ба Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Ду тараф дар ҷараёни ин дидор, дар мавриди вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба байни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин мавзуоти муҳими мавриди алоқаи ду тараф баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп