Март 09, 2023 13:38 Asia/Dushanbe
  • Музокироти мақомоти Туркман бо ҳайати мудири Созмони Миллалӣ кор
    Музокироти мақомоти Туркман бо ҳайати мудири Созмони Миллалӣ кор

Дар дидори мақомоти Туркманистон бо намояндагони гурӯҳи пуштибони фаннии Созмони байналмиллали кор ҳамкори дар ин заминаи маврди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар ин дидор мавзуъоти муҳими марбут ба ҳамкории Туркманистон бо Созмони байналмиллали кор барраси ва ба мушорикати Ишқобод дар канвонсиюни ин Созмони байналмиллал ва ҳамчунин илҳоқи он ба соири асноди чандчонибаи  Созмони мазкур таваҷҷӯҳ шуд.

Тарафайн ба тафсил дар  мавриди нукоти аслии нақшаи роҳ руйдодҳои байни давлати Туркманистон ва Созмони байналмиллали кор барои соли 2023 ва  мавзуъоти марбут ба иҷроӣ комили онро баррасӣ карданд.

Намояндагони Созмони байналмиллали кор  дар чорчӯби иҷрои барномаи миллмм иқдомоти Туркманистон дар маврди ҳуқуқи башар барои солҳои 2021-2025 бо кори ҳадафманди тарафи Туркманистон барои Созмондеҳии рӯйдодҳо аз ҷумлаи таҷзия ва таҳлили қавонини Туркманистон барои стандардҳои байналмиллалии кор ошно шуданд.

Барчасп