Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар заминаҳои омӯзиши касбӣ – техникӣ
Вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Гулнора Ҳасанзода ва Муҳаммадтақии Собирӣ мавзӯи омӯзиши кадрҳо дар заминаи касбӣ – техникӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар ин замина мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора гуфт, дар дидор бо хонуми Ҳасанзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, заминаҳои ҳамкории ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар бахшҳои омӯзиши техникӣ ва касбӣ, ташкил намудани ҷойҳои корӣ ва бозори кор мавриди табодули назар ва гуфтугӯ қарор гирифт.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаи омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ истиқбол карду гуфт, ҳамкориҳо бо давлати ҳамфарҳангу ҳамзабону дӯсту бародари асили мо Эрони бузург бояд чунин бошад. Аҳсан ва сипос аз муҳтарам сафир Муҳаммадтақии Собирӣ!
Маврид ба зикр аст, ки бо сафари раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон ба кишварҳоя якдигар, ҳамкориҳо дар ҳамаи заминаҳо густариш ёфтааст ва суръати бештар касб кардааст.