Тавсеаи гардишгарӣ меҳвари ройзании сафири Эрон бо раиси ҷадиди гардишгарии Тоҷикистон
Сафири Эрон дар дидор бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи гардишгарӣ гуфгугӯ кард.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе бо Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ҷараёни ин дидор дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи гардишгарӣ, ройзанӣ ва дар мавриди иҷрои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ду кишвар баҳсу табодули назар сурат гирифт.
Дар ин мулоқот бо ишора ба иштирокот ва пайвандҳои фаровон ва фазои мусбати ҳоким бар равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон, густариши беш аз пеши муносибот дар ҳавзаи гардишгарӣ ва тасҳили сафари атбои ду кишвар ва гардишгарон мавриди таъкид қарор гирифт.