Шаҳри Душанбе мизбони комисяи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикисон
Раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаӣ Эрон ба манзури ширкат дар комисяи муштараки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғуломҳусейни Ҳусейниё, раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сарварии ҳайати ба манзури ширкат дар комисяи муштараки ҳамкории бо Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.
Вай дар оғози вуруд ба фурудгоҳи байналмиалалии шаҳри Душанбе мавриди истиқболи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва намояндагони сафорат қарор гирифт.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки Ҳусейниён дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо вазир ва дигар мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дидору гуфтугу хоҳад кард.