Баргузории додгоҳи муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода
Додгоҳи Александр Сёмин, муттаҳам ба таҷовузу қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5 солаи тоҷик баргузор шавад.
Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, додгоҳи муҳокимаи Александр Сёмин 15 март, баргузор мешавад.
22 июли 2018 , ин мард ба тарзи ваҳшиёнае ба Ҳувайдо Тиллозода таҷовуз кард ва сипас ӯро кушт.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо гуфтааст, додгоҳ соати 11 дар Маскав баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки бори охир 22-юми июни соли 2021 мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин баргузор гардида буд, ки ҳеҷ натиҷа надод.
Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.