Нишасти таъйини ҳудуди марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i99808-Нишасти_таъйини_ҳудуди_марзи_байни_Тоҷикистону_Қирғизистон_дар_Душанбе
Нишасти коргурӯҳҳои таъйини ҳудуди марзи давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 16, 2023 19:03 Asia/Dushanbe
  • Нишасти таъйини ҳудуди марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе

Нишасти коргурӯҳҳои таъйини ҳудуди марзи давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 10 - 16 марти соли 2023 ҷаласаи коргурӯҳҳои топографии ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди таъйини марзҳои давлатӣ дар Душанбе баргузор шуд .

Дар поёни ин нишаст протоколи марбута имзо шуд . Нишасти баъдӣ дар ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.