Афзоиши 32 дарсадии содироти барқ аз Тоҷикистон
Март 18, 2023 09:55 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон дар 2 моҳи имсол 6 милиону 800 ҳазор доллар барқ содир кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин дар ҳолест, ки феврали имсол нисбат ба моҳи қабл ҳудуди 42 дарсад коҳиш дошта ва аз 4 миллиону 300 ҳазор доллар дар январ ба 2 миллиону 500 ҳазор доллар расидааст .
Бар асоси гузориши Ожонси омори Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 106 миллион доллар барқ содир шудааст, ки 10.6 дарсад бештар аз соли 2021 аст .
Бар асоси қарордодҳои имзошуда барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар баҳору тобистон ( май то август ) ба Узбекистон содир мешавад .
Барчасп