Март 19, 2023 10:35 Asia/Dushanbe
  • Эъломи нафароти бартари ҷашнвораи беҳтарин кадбону дар шаҳри Душанбе
    Эъломи нафароти бартари ҷашнвораи беҳтарин кадбону дар шаҳри Душанбе

Нафароти бартари ҷашнвораи беҳтарин кадбонуи шаҳри Душанбе эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс ҷашнвора дар боғи Айнии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бар асоси арзёбии аъзои комисяи мусобиқа ширкаткунандагон аз ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавӣ ва Исмоили Сомонӣ мақомҳои бартарро касб карданд. Бар нафароти бартар дипломти дараҷаи як, ду, се ва туҳфаҳои хотирави сарфароз гардонида шуданд..

Маҳорати дар ороиши дастархон ва доштани маҳорати истифода ва қарор додани зуруф ва васоили руи миз, тавоноӣ дар таҳияи ғизоҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, маълумот оид ба номи дурусти таом, тағзия ва таркиби он дар лавҳаҳо, тавоноӣ таҳияи салад ва маҳоратҳои таҳияи анвоъи хамир барои пухти нон ва дигар маҳсулот аз ҷумла бахшҳои мусобиқа буд.

Барчасп