Март 22, 2023 16:42 Asia/Dushanbe
  • Душанбе, мизбонӣ нахустин ҳамоиши руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
    Душанбе, мизбонӣ нахустин ҳамоиши руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон

Нахустин ҳамоиши мушгтараки руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Душабе баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хурсон, нахустин ҳамоиши руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони " равобити дуҷонибаи Узбекистон ва Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши Олӣ, улум ва навоварӣ ба унвони мабное барои рушди иқтисоди миллӣ" баргузор шуд.

 Дар  ин ҳамоиш, ки ба раёсати Раҳими Саъидзода вазири омӯзиш ва улуми  Тоҷикистон ва Иброҳим Абдураҳмонов вазири омӯзиши Олӣ, илм ва навоварии Узбекистон ширкат ва дар хусуси зарфиятҳо ва авлавиятҳои ҳамкориҳо дар заминаҳои марбута иҳҳори назар карданд.

Таъкид шуд, ки дар замони таҳавуллоти пуршитоби ҷаҳони иртиботот ва ҳамкориҳои донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва омӯзишӣ бисёр арзишманд аст. Бино бар ин таҳким ва густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар расидан ба равобити старатежики кумак хоҳад кард. Дар ин росто вуҷӯди иродаи қотеъи руасои Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ва Узбекистон барои таъмиқ ва рушди равобити ҳама ҷонибаи байни Душанбе ва Тошканд фавқулода муҳим дониста шуд..