Март 22, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Суханронии раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид
    Суханронии раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид

Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар маросими " Об моро муттаҳид мекунад" ширкат ва суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар маросими бо унвони " Об моро муттаҳид мекунад" дар чорчӯби Конфронси оби Созони Миллали Муттаҳид- 2023 дар шаҳри Ню-Йорк, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат ва суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: Имрӯз мавзӯъи иттиҳодияи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масоъили марбут ба об аҳамияти музоъафе касб кардааст об ба унвони манбаи аслии ҳаёт ба далели таъсироти тағироти иқлим, рушд сареъи ҷамъият, густариши шаҳрҳо ва соири авомили муассир бар он таҳти фишори шаддид қарор дорад.

 Вай афзӯд:  Барои тағири ин  раванд, лозим аст иқдомоти оҷил дар ҳамаи сутуҳ анҷом шавад.

Ӯ таъкид кард, ки дақиқан ба ҳамин далел, Тоҷикистон дар ду даҳҳаи гузашта ба таври пайваста ба мавзӯъоти муртабит ба об ва иқлимро тарвиҷ карда ва нақши муассир дар барномаи тавсиаи ҷаҳонӣ ифо кардааст.

Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон изҳор кард, ҳамкори дар ҳавзаи об дар даҳҳаҳои гузашта мунҷар ба ин воқеъият шудааст, ки кишварҳое бо тафовутҳои ҷуғрофиёӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва забонит мутафовит, талошҳои  муштаракро барои таҳақуқи аҳдофи муртабит ба об анҷом диҳанд.