«Зулфи хунфишон» бо садои фарзанди Давлатманд Холов рӯнамоӣ шуд + савт
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i105628
Қитъаи мусиқии «Зулфи хунфишон» бо садои Лоиқшоҳ Холов, хонандаи тоҷикистонӣ рӯнамоӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 30, 2023 20:11 Asia/Dushanbe

Қитъаи мусиқии «Зулфи хунфишон» бо садои Лоиқшоҳ Холов, хонандаи тоҷикистонӣ рӯнамоӣ шуд.

Қитъаи мусиқии «Зулфи хунфишон» бо садои Лоиқшоҳ Холов, хонандаи тоҷикистонӣ ва фарзанди Давлатманд Холов, хонандаи шаҳири ин кишвар дар барномаи “Ривояти Ошӯро” дар шеъру адаби порсӣ рӯнамоӣ шуд.

Дар ин барнома, ки ба ҳиммати гуруҳи байналмилалии Ҳинду Эрон ва ба сурати вебинарӣ баргузор шуд, ҳунармандону шоироне ҳамчун Алиризо Қазва, Ризо Исмоилӣ, Сайидмасъуди Алавитабор, Нағма, Сайид Ҳакими Биниш ва Зебои Фалоҳӣ ҳузур доштанд.

Қитъаи “Зулфи хунфишон” дар сабки мусиқии фалаки кӯҳӣ, ки вижаи манотиқи ҷануби Тоҷикистон аст, бо ғазале аз таркиби банди “Бо корвони найза”-и Алиризо Қазва сохта шудааст.