Футболисти эронӣ беҳтарин дарвозабони Футболи соҳилии ҷаҳон + видео
(last modified 2017-11-06T10:55:08+00:00 )
Ноябр 06, 2017 15:55 Asia/Dushanbe

Паймони Ҳусайнӣ унвони беҳтарин дарвозабон ва ҷоизаи беҳтарин голи соли 2017-и Футболи соҳилии ҷаҳонро ба худ ихтисос дод.

Ба гузориши “Порс Тудей”, маросими интихоби бартаринҳои соли 2017-и Футболи соҳилии ҷаҳон шанбешаб дар Иморот баргузор шуд ва Паймони Ҳусайнӣ дар ин маросим Ҷоизаи беҳтарин голи соли 2017-и ҷаҳонро касб кард.

 Голи Паймони Ҳусайнӣ муқобили тими миллии Мексика дар Ҷоми ҷаҳонии Багама беҳтарин голи ҷаҳон интихоб шуд.