Китобхонаи қалбакии чиниҳо
Ноябр 26, 2017 11:40 Asia/Dushanbe
Ба тозагӣ китобхонае дар Чин сохта шуда, ки зарфияти 1.2 миллион нусха китоб вуҷуд дорад, аммо дар он фақат 200 ҳазор ҷилд вуҷуд дорад ва бақияи қафасаҳо мамлув аз варақаҳои алюминии шабеҳи ҷилди китоб ҳастанд.
Ҳарчанд деворҳои китобхонаи “Tianjin Binhai” аз замин то сақф мамлув аз қафаса аст, аммо дар он бо китобҳои қалбакӣ пур шудаанд.
Тарроҳии дохилӣ ва хориҷии ин китобхонаи хориқулода, тавассути ширкат “MVRDA” анҷом шудааст.
Ба гуфтаи ширкати созанда, ба иллати фишор барои таҳвили бино тайи се сол, муҳандисон маҷбӯр шуданд тарҳ аслиро канор бигузоранд.