Баргҳое ки роҳ мераванд + видео
Феврал 15, 2018 08:48 Asia/Dushanbe
Ҳашароти шигифтангезе дар манотиқи гармсерӣ вуҷуд доранд, ки шакли баргу гул ҳастанд ва ҳатто ҳашарашиносон ба сахтӣ метавонанд онҳоро биёбанд, вақте ки рӯйи як гиёҳ нишастаанд, зеро онҳо қобилияти иститор (пинҳоншавӣ) низ доранд.
Ба гузориши “Спутник”, ахиран тасовире аз ин қабил ҳашарот дар фазои маҷозӣ интишор ёфта, ки гӯёи маҳбубияти болои ин мавҷудоти шигифтангез миёни корбарон аст. Шакли зоҳирии ин ҳашарот бино ба зисти бумӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, мутафовит аст. Онҳо ағлаб рӯйи дарахтон зиндагӣ мекунанд ва барои ҳифзи ҷони худ дар баробари шикорчиён ба ин шакл мебошанд.