Ҳоли хуб
(last modified Mon, 29 Aug 2016 07:51:38 GMT )
Август 29, 2016 12:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳоли хуб

Таҳқиқе нишон додааст, ки мушоҳидаи тасвирҳои зебои табиат ба муддати 40 сония, танишҳои асабиро ба куллӣ аз байн мебарад ва тамаркузро тақвият мекунад.

Донишмандон бар ин боваранд, ки гашту гузор дар табиат ба саломати рӯҳӣ ва равонии инсон таъсири мусбат мегузорад.

Акнун муҳаққиқон аз масъалаи ҷолибтаре дар хусуси таъсири табиат бар инсон парда бардоштаанд ва мегӯянд, ки ҳатто нигоҳ кардан бар тасовири табиат тамаркузро афзоиш медиҳад ва танишҳои асабиро аз байн мебарад.