Тасовир: Арги Каримхонӣ дар Шероз
Апрел 08, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
Арги Каримхонӣ дар Шероз аз маконҳоест, ки мавриди боздиди гардишгари тоҷик Оминаи Холова қарор гирифтааст. Ба гуфтаи Оминаи Холова вай замоне барои боздиди ин арг рафтааст, ки соати боздид тамом шуда буд ва натавонистааст аксҳое аз дохили он сабт намояд. Арги Каримхонӣ дар маркази шаҳри Шероз қарор дорад. Ин Арг дар даври салтанати силсилаи Зандия байни солҳои 1766 ва 1767 мелодӣ сохта шудааст.