Июн 17, 2018 10:45 Asia/Dushanbe

Як ронандаи таксӣ дар Маскав, пойтахти Русия, ки ин рӯзҳо мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст, ба самти пиёдаравҳо ҳаракат ва ҳадди ақал ҳашт нафарро маҷруҳ кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии Скайнюз, ин ҳодиса наздики маркази хариди Гостинний двор дар маркази Маскав рӯй додааст.

Бар асоси ин гузориш, ронандаи худрав шаҳрванди Қирғизистон аст, ки ба гуфтаи мақомоти полиси Маскав боздошт шудааст.

Полиси Маскав эълом кард, ин ҳодиса эҳтимолан дар пайи хориҷ шудани худрав аз идораи ронанда будааст.

Дар байни осебдидагони ин ҳодиса, шаҳрвандони Мексика вуҷуд доранд.

Русия аз панҷшанбеи гузаштаи мизбони Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018 аст, ки то 15 июл идома хоҳад дошт.