Октябр 21, 2018 14:08 Asia/Dushanbe
  • Тадфини як зоири фаронсавӣ дар масири роҳпаймоии арбаъин+Видео

Марие-Пиерре Валкуеман исломпажӯҳ ва пажӯҳишгари фаронсавӣ дар хонаводае католик ба дунё омад. Баъдҳо дини исломро барои худ баргузид ва номи Марям Абулзаҳабро барои худ баргузид.

 

Вай фориғуттҳсил аз донишгоҳи Париж буд ва солҳо дар муассисаи миллии забонҳо ва тамаддуни шарқи Париж (INALCO) ба унвони устод ва пажӯҳишгар фаъол буд. Ў нақши фаъоле дар мунъакис кардани вазъияти фоҷиабор ва мазлумонаи шиъаёни Покистон ва Афғонистон ифо кард. Марие-Пиерре Валкуеман дар сафарҳои мухталиф ба Ховари Миёна, борҳо ба зиёрати атаботи олиёт рафта буд. Ў дар соли 2017 дар Париж дида аз ҷаҳон фурӯ баст. Тибқи васияташ, масири Карбало-Наҷаф ва маҳали убури зоирони имом Ҳусайн (а) барои дафнаш интихоб шуд.