Намоишгоҳи осори таърихии Эрон дар Испания+ видео
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i42724-Намоишгоҳи_осори_таърихии_Эрон_дар_Испания_видео
Шаҳри таърихии Аликантеи Испания ва мӯзеи бостоншиносии ин шаҳр мизбони маҷмӯае аз қатаоти таърихии Эрон аст, ки то муддати панҷ моҳи дигар Эронро ба алоқамандон муаррифӣ мекунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 27, 2019 18:00 Asia/Dushanbe

Шаҳри таърихии Аликантеи Испания ва мӯзеи бостоншиносии ин шаҳр мизбони маҷмӯае аз қатаоти таърихии Эрон аст, ки то муддати панҷ моҳи дигар Эронро ба алоқамандон муаррифӣ мекунад.

Ин намоишгоҳ, ки ба ҳиммати Мӯзеи миллии Эрон ва мӯзеи бостоншиносии Аликанте баргузор шудааст, бо ҳузури Ҳасани Қашқовӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Испания, мақомоти устони Аликанте ва раисони мӯзеҳои ду кишвар ифтитоҳ шуд.

Устони Аликантеи Испания пазирои 17 миллион гардишгари хориҷӣ дар сол аст ва интизор меравад, намоишгоҳи панҷмоҳа осори таърихии Эрон дар мӯзеи бостоншиносии ин устон битавонад нақши муассире дар шиносондани таърих, фарҳанг ва тамаддуни ғании Эрон ба ҷаҳониён ифо кунад.