8 варзише, ки беҳавсалагӣ ва афсурдагиро аз шумо дур мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i45494-8_варзише_ки_беҳавсалагӣ_ва_афсурдагиро_аз_шумо_дур_мекунад
Беҳавсалагӣ ва афсурдагӣ яке аз ҷиддитарин мушкилотест, ки каму беш ашхос бо он ру ба ру ҳастанд, аммо бо таҳаррук метавон ин мушкилро бартараф кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2019 07:22 Asia/Dushanbe
  • 8 варзише, ки беҳавсалагӣ ва афсурдагиро аз шумо дур мекунад

Беҳавсалагӣ ва афсурдагӣ яке аз ҷиддитарин мушкилотест, ки каму беш ашхос бо он ру ба ру ҳастанд, аммо бо таҳаррук метавон ин мушкилро бартараф кард.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, ашхос каму беш дар тули зиндагӣ бо беҳавсалагӣ ва ҳатто дар мавориди шоетар афсурдагӣ ру ба ру мешаванд, бар асоси ин мушкил бахше аз фаолиятҳои рӯзонаи онҳо маъмулан дучори ихтилол хоҳад шуд.

Акнун бархе роҳкорҳои содаро, ки метавонем аз беҳавсалагӣ ва афсурдагӣ халос шавем мурур мекунем.

Пиёдаравии ором

Замоне, ки дучори беҳавсалагӣ ё ҳатто афсурдагӣ ҳастед таҳаррук муҷиб мешавад, то ҳормунҳои нишотофарин бо дастури мағз тарашшуҳ шаванд ва ин мавзӯъ ба беҳбуди нишонаҳои афсурдагӣ кумак мекунад. Дар дастрастарин кор барои доштани ҳисси мусбат пиёдаравии ором аст, бинобарин барои онки эҳсоси касолат надошта бошед дар тули рӯз пиёдаравиро фаромуш накунед.

Давиданро фаромуш накунед

Барои шуруи як фаолияти баданӣ лозим нест давидани шадидро дар барномаҳо бигузоред, дар ибтидо пиёдаравӣ дошта бошед ва ба тадреҷ суръати онро афзоиш диҳед, ин кор сирфан саломати ҷисмии баданро тазмин намекунад, балки дар беҳбуди руҳияи шумо ҳам муассир аст.

Аз йога ғофил нашавед

Анҷоми ҳаракатҳои йога боиси тақвияти зеҳн ва ҷисми шумо ҳамчунин инъитофпазирии бештар мешавад, ин варзиш ба шумо нишонт ва энержӣ мебахшад, контроли тамаркуз дар йога ҳамчунин муҷиби ҳифзи оромиш ва мудирияти эҳсосоти шумо мешавд.

Бо табиат дуст бошед

Кор кардан бо хок муҷиюи тарашшуҳи ҳормуни серотонин мешавад ин ҳормун на танҳо афсурдагиро бартараф мекунад, балки муҷиби нишот ва фаолият ҳам мешавад бинобарин талош кунед бештар бо табиат дуст бошед ва ба кошти гулу гиёҳ иқдом кунед.

Дучархасаворӣ

Дучархасаворӣ яке аз беҳтарин варзишҳо барои ҳифзи саломати ҷисму руҳ аст ва ҳатто метавонед ин варзишро бо зиндагии рӯзона талфиқ карда ва барои анҷоми бархе корҳои рӯзмарра монанди рафтан ба кофешоп ё харид аз супермаркет ба ҷои истифода аз худрав бо дучарха рафту омад кунед.

Таҳаррук дар муҳити кор

Агар дар тули соати корӣ эҳсос мекунед, ки ниёз ба оромиш ва дур кардани афкори манфӣ доред беҳтар аст чанд дақиқа утоқи коратонро тарк кунед ва ба фазое ором биравед ё он ки каме таҳаррук дошта бошед ва аз зинаҳо барои рафту омад истифода кунед.

Баскетбол бозӣ кунед

Баскетбол ба далели таҳарруки болое, ки дар тули бозӣ барои бозикунон дорад як варзиши бисёр муносиб барои муқобила бо беҳавсалагӣ ва афсурдагии ашхос ба ҳисоб меояд.

Шино кунед

Шино варзише аст, ки тамоми андомҳои баданро ба кор мегирад. Бинобарин метавонед ба пешгирӣ аз беҳавсалагии шумо кумак кунад, барои ҳифзи шодобии худ беҳтар аст 3 то 5 рӯз дар ҳафта ҳудуди ним соат шино кунед.