Август 31, 2019 11:25 Asia/Dushanbe

Фардо якшанбе (аввали сентябри 2019) оғози соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ ва аввалин рӯзи муҳаррам аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муҳаррам нахустин моҳ аз моҳҳои ҳаром аст, ки ҷангу низоъ дар он ҳаром буда ва ҳатто дар даврони ҷаҳолат ҳам ба ин амр эҳтиром мегузоштанд, аммо Банӣ Умая дар як иқдоми ноҷавонмардона дар нуҳум ва даҳуми муҳаррам имом Ҳусайн (а) ва ёрони ишорнро ба шаҳодат расонданд ва аҳли байт (а)-ро ба асорат гирифтанд.

Ба ҳамин муносибат вижа барномае бо номи "Наҳзати Ошуро" дар радиои тоҷикӣ дар дасти таҳия аст.

Наҳзати Ошуро вижа барномае аст, ки ба баррасии иллатҳои вуқуи қиёми имом Ҳусайн (а) набераи поки пайёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) алайҳи дастгоҳи фосиди Умавиён мепардозад.

Ин вижабарномаи 15 дақиқаӣ аз аввали муҳаррам (якуми сентябр) ба муддати даҳ рӯз, шабҳо аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш ва субҳҳо такрор хоҳад шуд ва рӯйи сайти тоҷикии Садои Хуросон низ қобили дарёфт хоҳад буд.