Бемориҳои тирамоҳиро бо ин дамнушҳо решакан кунед
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i48055-Бемориҳои_тирамоҳиро_бо_ин_дамнушҳо_решакан_кунед
Як мутахассиси тибби сузанӣ ва гиёҳони доруӣ гуфт, яке аз роҳкорҳои муносиб ва бидуни авориз барои дармони бемориҳои ройиҷ дар фасли тирамоҳ истифода аз дамнушҳо аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 03, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Бемориҳои тирамоҳиро бо ин дамнушҳо решакан кунед

Як мутахассиси тибби сузанӣ ва гиёҳони доруӣ гуфт, яке аз роҳкорҳои муносиб ва бидуни авориз барои дармони бемориҳои ройиҷ дар фасли тирамоҳ истифода аз дамнушҳо аст.

Амирҳумани Козимӣ мутахассиси тибби сузанӣ ва гиёҳони доруӣ дар бораи дамнушҳои муносиби фасли тирамоҳ, фоидаҳо ва тарзи таҳияи ин дамнушҳо изҳор дошт, бо шуруи фасли тирамоҳ ва сард шудани ҳаво кам кам обрезиши бинӣ ва сармохурдагӣ шуруъ мешавад, ба хусус агар системи эминии бадан заиф бошад сармохурдагиҳои пушти ҳам боис мешавад кору зиндагӣ мухтал шавад. Ҳамаи инҳо дар ҳолест, ки метавон бо пайравӣ аз чанд роҳкори сода аз ибтило ба бемориҳои шоеъи фасли тирамоҳ пешгирӣ кард.

Вай афзуд, ба таври куллӣ гиёҳон боиси афзоиши гармои бадан ва афзоиши ҷараёни хун мешаванд. Ҳар хонаводаи эронӣ бояд дар сабади тибби суннатии худаш ин гиёҳонро ҷой диҳад.

Маъҷуне, ки давои сулфа аст: яке аз дамнушҳое, ки барои дармони сулфа, сармохурдагӣ, гирифтагии бинӣ ва дардҳои мафсалӣ, ки дар фасли тирамоҳ муносиб аст дамнуши таркиби овешан, занҷафил ва асал аст.

Дамнуше барои афсурдагии тирамоҳӣ: таркиби сунбулутабиб, гули говзабон, лемонти аммонӣ, заъфарон ва устухудус бо ҳам як дамнуши беназир аст, ки барои ашхосе, ки афсурдагӣ дар фасли тирамоҳ ба сарашон омадааст муъҷиза мекунад.

Муъҷизае барои сулфаҳои хушк: таркиби кокутӣ, асал ва дорчин дамнуши муфиде барои кам шудани сулфаи хушк ва беҳтар шудани ҷараёни хун дар рияҳо аст.

Дамнуши беҳ: бо таркиби беҳи тоза ва ё хушкшуда ва ҳел дамнуше таҳия кунед, ки алоими сармохурдагиатонро коҳиш медиҳад ва ҳамчунин боиси боз шудани торҳои савтӣ мешавад.

Ин узви ҳайати илмии донишгоҳи улум пизишкии Теҳрон гуфт, замоне, ки меваҳои фасли тирамоҳро масраф мекунед пусташонро берун наяндозед ва бо хушк кардани он дамнуше фавқулода хуш таъм таҳия кунед. Пусти хушкшудаи мандалин ва анорро ба чой изофа кунед ва бигузоред як рубъ дам бикашад, сипас майл кунед. Ин дамнуш ба беҳтар шудани ҷараёни хун ва тақвияти системаи эминӣ ва беҳтар шудани сармохурдагӣ кумак мекунад.