Суқути киштӣ аз шаршараи Ниагара баъд аз як қарн (садсола)+видео
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i48095-Суқути_киштӣ_аз_шаршараи_Ниагара_баъд_аз_як_қарн_(садсола)_видео
Дар паи бориши шадиди борон, киштие, ки аз як қарн пеш аз шаршараи Ниагара овезон монда буд саранҷом суқут кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 04, 2019 10:52 Asia/Dushanbe

Дар паи бориши шадиди борон, киштие, ки аз як қарн пеш аз шаршараи Ниагара овезон монда буд саранҷом суқут кард.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии СНН, ҳудуди сад соли пеш дар соли ҳазору нуҳсаду ҳаҷдаҳ як киштӣ дар обҳои мунтаҳо ба шаршараи Ниагара ғарқ шуд.

Агар чи имдодрасонӣ барои наҷоти ду сарнишини ин киштӣ муваффақ буд ва сарнишинони он бо амалиёти ҳавоӣ наҷот ёфтанд, аммо ин киштӣ дар миёни мавҷҳои хурушони шаршара овезон монд.

Вазиши бодҳои тунд ва борандагиҳои шадид дар рӯзҳои ахир сабаби фуру афтодани ин киштӣ шуд.

Гуфта мешавад мумкин аст ин киштӣ дар маҳалли суқути худ чанд моҳ ва ё ҳатто чанд сол ё як қарни дигар боқӣ бимонад.