Нӯшидание, ки умри инсонро зиёд мекунад
(last modified Sat, 16 Nov 2019 12:42:29 GMT )
Ноябр 16, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Нӯшидание, ки умри инсонро зиёд мекунад

Қаҳва дар натиҷаи доштани меқдори зиёде антиоксидантҳо ба тулонитар шудани умри инсон кумак мекунад.

Ба нақл аз Спутник, донишмандон 12 сол таъсири қаҳва бар бадани инсонро мутолиа карданд ва мутаваҷҷеҳ шуданд, ки дӯстдорони ин нӯшидании доғ бештар аз дигарон умр мекунанд.

Донишмандон мегуянд қаҳва ба хотири  доштани меқдори зиёде антиоксидантҳо раванди оксидансион ва тахриби селлулҳо дар баданро кунд мекунад ва умри инсонро афзоиш медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки фароянди оксидансион  яке аз меканизмҳои пирӣ ва пешрафти саратон ва бемориҳои қалбӣ ва рагӣ дар бадани инсон аст.

Донишмандон камаш ҳазор антиоксидантҳоро дар донаҳои қаҳва кашф кардаанд.

Ҳамчунин сурх кардани донаҳои қаҳва садҳо антиоксидантҳои навро ба вуҷуд меоварад.

Тибқи муҳосибаҳои коршиносон барои коҳиши хатари марги зудрас рӯзона нӯшидани ҳудуди чаҳор финҷон қаҳва тавсия шудааст ва нӯшидани қаҳваи бештар барои бадани инсон фоидае нахоҳад дошт.