Феврал 02, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Таъсири бӯи гули роза дар ёдгирии забони хориҷӣ

Ёдгирии забони хориҷӣ, бо бӯидани гули роза беҳбуд меёбад.

Ба нақл аз Спутник, бӯи гули роза метавонад нақши хубе дар ёдгирии вожаҳои англисӣ дар хоб бозӣ кунад.

Дар таҳқиқоти муҳаққиқони олмонӣ, ки бо кумаки 54 довталаб аз хонандагони ду синф аз як мактаб дар ҷануби Олмон анҷом гирифт, аз як гуруҳ аз хонандагон хоста шуд ҳангоми ёдгирии вожаҳои англисӣ аз барчасбҳои ҳовии бӯи гули роза рӯи мизи таҳрири худ истифода кунанд ва дар тӯли шаб низ ин барчасбҳоро канори тахтихоби худ қарор диҳанд.

Дар озмоиши дигаре низ аз ин барчасбҳо ҳангоми баргузории озмуни забони англисӣ дар мактаб истифода шуд.

Сипас натиҷаҳои ин хонандагон бо натиҷаҳои гуруҳе, ки дар озмоишҳои мухталиф аз ин бӯ истифода накарда буданд, муқоиса шуд.

Дар натиҷаи ин таҳқиқот мушаххас шуд тавоноии хонандагон дар ёдгирии забони англисӣ бо истифода аз бӯи гули роза дар тӯли мутолеа ва хоб ба мизони 30 дарсад афзоиш меёбад.

Ҳамчунин мушаххас шуд, истифода аз бӯи гули роза дар баргузории озмун низ муҷиби беҳбуди короии ҳофиза мешавад.

Барчасп