Бозгашти доктор Маҷиди Тоҳирӣ аз зиндони Амрико ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i54324-Бозгашти_доктор_Маҷиди_Тоҳирӣ_аз_зиндони_Амрико_ба_Эрон
Доктор Маҷиди Тоҳирӣ, пизишки эронии озодшуда аз зиндони Амрико бомдоди душанбе ба Эрон бозгашт
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 08, 2020 11:42 Asia/Dushanbe

Доктор Маҷиди Тоҳирӣ, пизишки эронии озодшуда аз зиндони Амрико бомдоди душанбе ба Эрон бозгашт

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс, доктор Маҷиди Тоҳирӣ пизишки эронӣ аз 16 моҳи пеш ба иттиҳоми поймолсозии таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон дар Амрико зиндонӣ буд.

Ҳамзамон бо озодии Маҷиди Тоҳирӣ, Майкел Вайт- шаҳрванди амрикоие, ки ба далели ҷиноятҳои амниятӣ ва низ доштани шикояткунандагони хусусӣ дар Эрон ба зиндон маҳкум шуда буд, озод шуд.