Июн 21, 2020 14:06 Asia/Dushanbe

Инсонҳо як миллион сол пеш дар сарзамини Эрон ҳузур доштаанд ва боқимондаи абзорҳое, ки сохтаанд дар шимоли шарқи ин кишвар пайдо шудааст.

Кашфи сангҳои тарошхурдаи табарзинмонанди мутааллиқ ба инсонҳое, ки як миллион сол пеш дар канори рӯдхонае атрофи Машҳад, ки имрӯз Кашфруд номида мешавад зиндагӣ мекарданд, яке аз муҳимтарин кашфиёт дар бораи дастсохтаҳои инсон дар сарзамини Эрон аст.