Июл 08, 2020 09:36 Asia/Dushanbe
  • Ниқоби тиббии мутарҷими жопонӣ ба бозор меояд

Як ширкати навофарини жопонӣ ниқоби тиббие сохтааст, ки метавонад кори тарҷумаи ҳарфҳои фардро ҳам анҷом диҳад.

Ба гузориши Ҳамшаҳрӣ онлайн, ширкати навофарини Donut Robotics абзоре пластикӣ ба номи c-mask-ро сохтааст, ки рӯйи ниқоби маъмулӣ қарор мегирад ва аз тариқи блетус ба як телефони ҳушманд (смартфон) муттасил мешавад. Ин васила дорои технологии нақшабардорӣ аз азулаҳои сурат аст, ки метавонад гуфтори фардро тафсир кунад ва баъд онро ба василаи электроники муттасилшуда бо блетус бифиристад то ҳамзамон тақвият, нусхабардорӣ ё тарҷума шавад.

Пардозиши ин амалиёт ба василаи програмаи ҳамроҳи ниқоби тиббӣ анҷом мешавад, ки рӯйи телефони ҳушманд ё планшет насб мешавад ва ҳамчунин метавонад тарҷумаи ҳашт забони мутафовит аз ҷумла англисӣ, фаронсавӣ, испанияӣ ва жопониро анҷом диҳад.

Тайсуке Оно, мудири омили ин ширкат мегӯяд: Муҳандисонаш ҳангоме ба фикри чунин ниқобе афтоданд ба думболи сохти фаровардаҳое буданд, ки дар даврони пандемияи корона судманд бошанд.

Ин ширкат пеш аз шуйюи корона қарордоде барои сохти работҳое барои фурудгоҳи Ҳанда дар Токио дошт, аммо пас аз он ки сафарҳои ҳавоӣ ба иллати иқдомоти карантин мутаваққиф шуданд, ин қарордод муаллақ монд.

Ин ширкат бархе аз технологиҳои мавриди истифода барои сохти ин роботҳоро дар замоне якмоҳа барои сохтани ин ниқобҳои мутарҷим истифода карданд.

Ин ниқоби тиббӣ дар тирамоҳ ё зимистони имсол ба нархи 3980 йени Жопон ба фуруш хоҳад расид.

 

Барчасп