Cафорати Амрико дар Бағдод ё сарбозхона?
Ироқ Амрикоро ба далели озмоиши сомонаи дифои мушакӣ дар муҳавватаи сафоратхонааш дар Бағдод маҳкум кард.
Дар минтақаи сабзи ба шиддат муҳофизатшудаи Бағдод, ки сафоратхонаи Амрико низ дар онҷо мустақар аст, як манзили истиқоматӣ вайрон ва як кудак ҷароҳат бардошт.
Ҳасан Карим Ал-Каъбӣ, намояндаи Маҷлиси Ироқ ин ҳаракати Амрикоро таҳрикомез ва мутафовит бо ҳуқуқи байналмиллалӣ хонд ва хостори иқдоми сареъ барои таваққуфи ин корҳо шуд.
Эътилофи Ал-Фатҳи Ироқ ин ҳаракати Амрикоро маҳкум кард.
Маҷлиси Ироқ дар панҷуми моҳи январи 2020 қатъномаеро барои хуруҷи неруҳои низомии Амрико аз Ироқ тасвиб кард.
Мутобиқи модаи 22 конвансиони 1961 Вена, сафорати Амрико дар Бағдод бо роҳандозии системи дифои ҳавоӣ дар ин сафоратхона, ҳақи ҳокимияти Ироқро поймол кардааст
Мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи неруҳои низомии Амрико ва ҳифзи истиқлоли Ироқ ҳастанд.
Эҳсосоти зидди амрикоӣ аз замони террори сардор Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Муҳандис, муовини неруҳои мардумии Ироқ дар аввалҳои моҳи январ ташдид шудааст.