Апрел 24, 2021 09:06 Asia/Dushanbe
  • Аксҳое аз  сафари вазири умури хориҷаи Покистон ба Машҳад

Ба гузориши Ирно, шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон рӯзи панҷшанбе дар идомаи сафараш ба Эрон пас аз зиёрати ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) бо ҳуҷҷатулислом Аҳмади Марвӣ, васии Остони Қудси Разавӣ дидор ва гуфтгу кард.

Қурайшӣ дар сафари худ ба Эрон токунун бо раисҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси маҷлиси шӯрои исломӣ Муҳаммадбоқир Қолибоф ва вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф дидор кардааст.

Мақомҳои покистонӣ маъмулан дар сафар ба Эрон қабл ё баъд аз дидорҳои сиёсӣ дар Теҳрон барои зиёрати Ҳарами Имом Ризо (а) аз наберагони Паёмбари гиромии Ислом (с) ба шаҳри Машҳади муқаддас  ба шимоли шарқи Эрон низ сафар мекунанд.