Ҷашне,ки азо шуд
(last modified Tue, 01 Nov 2022 05:56:49 GMT )
Ноябр 01, 2022 10:56 Asia/Dushanbe
  • Ҷашне,ки азо шуд

Дар паии вуқуъи ҳодиса дар ҷашни Хэллоуин ба сурати густарда дар Сеул, пойтахти Кореяи ҷанубӣ баргузор шуд, беш аз 150 нафар ҷони худро аз даст доданд ва шумори зиёде низ маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши Ҳамшаҳрионлайн, мақомоти Кореяи ҷанубӣ эълом карданд, ки дар миёни кушташудагони ҷашни Хэллоуин дар пойтахти ин кишвар шаҳрвандони эронӣ низ вуҷуд дорад.
Бинобар эъломи мақомоти Кореяи ҷанубӣ дар миёни кушташудагон камаш 19 табаъаи хориҷӣ ҳам будааст, ки шомили афроде аз Эрон,Чин,Узбекистон ва Норвегия мешавад.
Мақомоти кореяӣ ҳамчунин мегӯянд пас аз он ки ҷамъияти зиёде дар як кучаи борик дар наздикии меҳмонхонаи Ҳамилтон-як макони муҳими баргузории ин маросим дар Сеул ба пеш ронда шуданд, мардум то ҳадди марг таҳти фишори ҷамъият қарор гирифтанд ва сабаб шуд то иддае кушта ва беш аз 70 нафар ҳам маҷрӯҳ шаванд .