Ёди аём
Феврал 02, 2023 08:34 Asia/Dushanbe
44 сол пеш дар чунин рӯзи давоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷри шамсӣ (11 феврали соли 1979) ҳазрати Имом Хумайни (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳӯрии исломи Эрон, пас аз понздаҳ соли дурӣ ва табъид аз Ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.
Пас аз гузаштаи даҳ рӯз аз вурӯди ишон ба Эрон дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали 1979) Инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирузӣ расид.
Ба ҳамин далел, аз рӯзи давоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вурӯди Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бисту дуввуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ аст, "Даҳаи Фаҷр" номгузори шудааст.