Дидор ва ройзании Камоли Харозӣ бо Сайид Ҳасани Насруллоҳ
Март 23, 2023 17:08 Asia/Dushanbe
Раиси Шӯрои роҳбӯрдии равобити хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, бо Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор ва ройзанӣ карданд.
Камоли Харозӣ, раиси Шӯрои роҳбӯрдии равобити хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, ки дар садри ҳайате ба Лубнон сафар карда, бо Сайид Ҳасани Насруллоҳ Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор ва дар хусуси охарин таҳаввулоти сиёсии минтақа табодули назар карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, дар ин дидор Сайид Аббоси Ироқчӣ ва сафири Эрон дар Бейрут нин ҳузӯр доштанд.
Харозӣ пеш аз ин бо дигар мақомоти лубнонӣ аз ҷумла Набиҳ Берри, раиси парлумони ин кишвар низ дидор карда буд.