Дархости Кувайт барои иқдоми фаврии кишварҳои арабӣ зидди режими саҳюнистӣ
Раиси порлумони Кувайт дар вокуниш ба таҷовузоти саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо ва намозгузорони фаластинӣ, иқдоми фаврии кишварҳои арабӣ зидди ин режимро хостор шуд .
Низомиёни режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир бар ҳамалоту таъаррузи худ ба масҷиди Алақсо ва намозгузорони фаластинӣ афзудаанд. Низомиёни саҳюнистӣ дар юриш ба Масҷидулақсо ҳудуди 400 нафарро боздошт карданд .
Ба гузориши рӯзномаи Раъй алявм, Марзуқ Алӣ Алғоним-раиси порлумони Кувайт бар зарурати истифода аз тамомии абзорҳои ҳамбастагӣ ва ҳимояти расмӣ ва мардумӣ аз мардуми Фаластин таъкид кард .
Алғоним гуфт: Тадовуми таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо ва дигар маконҳо иқдоми фаврии арабӣ дар саросари ҷаҳон барои расвосозии таҷовузоти режими ишғолгарро металабад .
Раиси маҷлиси порлумони Кувайт тасреҳ кард таҷовузоти режими саҳюнистӣ зидди намозгузорону эътикофкунандагон дар Масҷидулақсо ва амалиётҳои низомӣ, ки Ғазза ва манотиқе дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор дод, далелии дигар бар маҳол будани сулҳ бо ин душмане аст, ки танҳо забони таҷовузотро мефаҳмад ва ҳамин амр фаъолсозии фарҳанги муқовимат ва созукори ҳамбастагии мухталиф бо миллати Фаластинро металабад .
Аз сӯии дигар шабакаи саҳюнистии « КАН » рӯзи ҷумъа гузориш дод шаби гузашта 40 мӯшак аз борикаи Ғазза ба самти шаҳракҳои ишғолӣ шиллик шуд .
Ба гуфта расонаҳои саҳюнистӣ рӯзи гузашта низ беш аз 100 ракета аз ҷануби Лубнон ба самти шимоли Фаластини ишғолӣ шиллек шуда буд .
Ин ҳамалоти пас аз он сурат гирифт, ки бомдоди рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта низомиёни саҳюнист бо юриш ба Масҷидулақсо даҳҳо намозгузору мӯътакифро зарбу шатм ва боздошт карданд . Таҷовузе ки бо вокуниши байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳамроҳ шуд .
Бештар бихонед :