Холид Машъал : мардуми Фаластин барои мубориза бо саҳюнистҳо омода ҳастанд
Раиси ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар хориҷ гуфт:Мардуми Фаластин барои набарду рӯёрӯӣ бо режими ишғолгари саҳюнистӣ дар дифо аз масҷиди Алақсо ва Қудси ишғолӣ дар омодагии комил ба сар мебаранд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вай дар маросиме дар Урдуни бар омодагии миллати Фаластин дар набард бо ишғолгарони саҳюнистӣ барои дифо аз масҷиди Алақсо ва қудси ишғолӣ, аз шуҷоат ва қаҳрамониҳову истиқомати мардум дар баробари нақшаҳову тавтеъаҳои режими саҳюнистӣ таҷлил кард.
Холиди Машъал бо баёни инки сокинони Қудс ва каронаи бохтарии руди Урдун бо амалиёти қаҳрамононаи муқовимати Фаластин режими ишғолгари саҳюнистиро ғофилгир карданд, афзуд : Режими ишғолгари Қудс тасмим гирифтааст дар 10 рӯзи охири моҳи мубораки Рамазон аз юриш ба масҷиди Алақсо худдорӣ кунад, чун намехоҳад масҷид омиле барои набарди Алақсо ва Қудс бошад .
Ин мақоми Ҳамос тасреҳ кард кабинаи режими ишғолгари Қудс бо дар пеш гирифтани сиёсати фиребкорӣ дар раванди яҳудисозии масҷиди Алақсо дар талош барои пешбурди ороми сиёсати худ барои яҳудисозии ин макони муқаддас ва ҷилавгирӣ аз қиёму интифозаи мардуми Фаластин аст .