Нури ал-Моликӣ: Муқовимат танҳо роҳинаҷот аз ғудаи саратонии Исроил аст
Нахуствазири собиқи Ироқ таъкид кард роҳи аз шари ғудаи саратонии Исроил ҳеҷ роҳи ҷуз муқовимат вуҷуд надорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Нури ал-Моликӣ дар дидор бо Зиёда Алнахола, дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин зимни тамҷид аз мавозеъи ҷиҳоди исломӣ дар дифоъ аз миллати Фаластин аз иқдомоти неруҳои ин ҷунбиш дар баробари режими саҳюнистӣ қадрдони кард.
Ал-Моликӣ таъкид кард муқовимат барои миллатҳои зинда ба хусуси миллати Фаластин як масъалаи табиъӣ аст.
Алнахола низ шарҳи муфасали аз вазъияти Фаластин ва охирин таҳавулоти он ба вижа иқдомоти режими саҳюнистӣ зидди миллати Фаластин дар Масҷидулақсо ва қудси ишғоли ироа карду гуфт: Қадрдони мавозеъи Ироқ барои ҳимоят аз ҳуқуқ ва усули миллати Фаластин аст.