Апрел 26, 2023 11:38 Asia/Dushanbe
  • Суқӯти паҳподи режими саҳюнистӣ дар хоки Сурия

Манобеи хабарӣ аз суқӯти паҳподи артиши режими саҳюнистӣ дар хоки Сурия хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торномаи Фаластин Ал явм, канали 14 режими саҳюнистӣ аз вуҷӯди гузоришҳое дар бораи суқӯти як паҳподи артиши ин режим дар хоки Сурия хабар дод.

Ҷузъиёти бештаре дар ин бора гузориш нашудааст ва мақомҳои расмии Сурия ва режими саҳюнистӣ низ токунӯн дар ин бора вокунише надоштанд.

"Ойхой Адреи, сухангуи артиши режими саҳюнистӣ сешанбеи гузашта низ аз суқӯти як резпарандаи ин режим аз навъи "сарнишини осмон" дар хоки Сурия хабар дода буд.

 

Барчасп