Май 02, 2023 18:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи кибернетики ба сомонаи созмони зиндонҳои режими саҳюнистӣ
    Ҳамлаи кибернетики ба сомонаи созмони зиндонҳои режими саҳюнистӣ

Ҳакерҳо Анонимус Судон сомонаи созмони зиндонҳои режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамлаи кибернетики қарор доданд ва онро аз дастрас хориҷ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон расонаҳои саҳюнистӣ имруз сешанбе хабар доданд гуруҳи ҳакери Анонимус Судон ба дуноли шаҳодати Хазар Аднон узви аршади ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин сомонаи созмони зиндонҳои режими саҳюнисти ва сомонаи кобинаи ин режимро ҳадафи ҳамала қарор доданд ва онро аз дастрас хориҷ карданд.

Ин ҳамла дар посух ба шаҳодати Хазар Аднон узви аршади ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин сурат гирифт, ки ба дунболи эҳмолкории мақомоти зиндонҳои режими саҳюнистӣ имруз сешанбе ба шаҳодат расид.

Гуруҳи Анонимус Судон ахиран чанд сомонаи амниятӣ ва таслиҳотии режими саҳюнистиро ҳак карда аст.

Анонимус Судон ҳамчунин ахиран мувафақ шуд ширкатҳои иртиботот ва ширкати барқи режими саҳюнистиро ҳак кунад, ки ин иқдом мунҷар ба қатъи густардаи барқ дар саросари Фаластини ишғоли шуд.

Барчасп