Шаҳодати 2 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба Тулкарм
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i101836-Шаҳодати_2_фаластинӣ_дар_ҳамлаи_низомиёни_саҳюнист_ба_Тулкарм
Камаш ду фаластинӣ дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳри Тулкарм, воқеъ дар Каронаи бохтарӣ ба шаҳодат расиданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 06, 2023 11:29 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 2 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба Тулкарм

Камаш ду фаластинӣ дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳри Тулкарм, воқеъ дар Каронаи бохтарӣ ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алҷазира, Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба урдугоҳи Нури шамс дар шаҳри Тулкарм камаш 2 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд .
Дар ин гузориш омадааст низомиёни режими саҳюнистӣ рӯзи гузашта ( ҷумъа ) ҳам ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии руди Урдун юриш бурда буданд.
Бар асоси ин гузориш низомиёни саҳюнист бо ҳамла ба Ҷанину Алхалил даҳҳо фаластиниро боздошт карданд.
Дар ҷараёни ин ҳамалоти ваҳшиёна даргириҳое миёни фаластиниёну низомиёни саҳюнист рух дод, ки дар паи онҳо даҳҳо фаластинӣ захмӣ шуданд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳазорон фаластинии сокини Наблус рӯзи панҷшанбе пайкари се шаҳиди фаластиниро, ки дар ҷараёни юриши артиши саҳюнистӣ ба шаҳодат расида буданд, ба хок супурданд.

Бештар бихонед :