Май 07, 2023 16:53 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб

Як манбаи арабӣ эълом кард, вузарои хориҷаи кишварҳои арабӣ дар нишасти имрӯз (якшанбе)-и худ дар Қоҳира дар бораи бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб тавофуқ карданд.

Имрӯз якшанбе вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Араб дар ҳоле, ки камтар аз ду ҳафта то таърихи баргузории нишасти сарони кишварҳои арабӣ дар Ҷиддаи Арабистон дар 19 май боқӣ мондааст, нишасте изтирорӣ дар сатҳи вузарои хориҷа дар Қоҳира барои баррасии парвандаи Сурия баргузор карданд.

Шабакаи саудии «Ал Арабия» гузориш дод, вузарои хориҷаи узви Иттиҳодияи Араб тайи як ҷаласаи машваратӣ, ки пушти дарҳои баста баргузор шуд, бар бозгашти машрӯти Сурия ба Иттиҳодияи Араб пас аз ғайбате, ки ҳудӯди 12 сол ба тӯл анҷомид, тавофуқ карданд.

Ал Арабия эълом кард, дар пешнависи ин тасмим, ки мутаъоқибан басурати расмӣ мунташир хоҳад шуд, омадааст: Аз имрӯз 7 моҳи май ширкати ҳайатҳои сурӣ дар ҷаласоти ин иттиҳодия азсар гирифта мешавад.