Май 13, 2023 11:54 Asia/Dushanbe
  • Беэътиноии Миср ба дархости Амрико барои таҳрими ҳавоии Русия

Миср ба дархости Вашингтон барои бастани ҳарими ҳавоии худ ба рӯйи ҷангандаҳои русӣ беэътиноӣ кард .

Пас аз он ки бархе кишварҳо соли гузашта ҳарими ҳавоии худро ба рӯй ҷангандаҳои русӣ бастанд, ин ҷангандаҳо маҷбур ҳастанд 2 ҳазор мойли изофа, яъне ҳудуди 5 соъати бештарро тай кунанд, то ба пойгоҳҳои роҳбурдии худ дар Сурия бирасанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, чандини мақоми амрикоӣ дар ҳафтаҳои гузашта аз Қоҳира хостанд то ҳарими ҳавоии худро бар рӯйи ҳавопаймоҳои русӣ бибанданд, вале давлати Қоҳира ба ин дархостҳо посух надода ва парвозҳои миёни Русияву Сурия бидуни ҳеҷ мамониатӣ анҷом шуд.
Ҳарими ҳавоии Миср аз ҷумлаи коридорҳои калидии муҳими миёни Русия ва пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Сурия аст .
Миср феврали соли гузашта дар канори 141 кишвари дигар ба қатъномаи Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид мабнӣ бар хурӯҷи фаврии неруҳои Русия аз Украина раъйи мусбат дод ва дар айни ҳол таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Маскавро низ маҳкум кард.
Пойгоҳи ҳавоии Ҳамимим, ки дар дар Сурия воқеъ шуда, яке аз муҳимтарин таъсисоти низомии Русия дар Сурия ба шумор меравад . Амрико муддаӣ аст Русия аз тариқи ин ҳарими ҳавоӣ ва аз пойгоҳҳои низомии худ дар Сурия дар ҳоли интиқоли таслиҳоти низомӣ ба майдони ҷанг дар Украина аст. Ин иддао тавассути мақомоти Русия рад шуда ва ҷузъиёти бештаре аз он то ба ҳол мухобира нашудааст. 
 

 

Барчасп