Май 13, 2023 12:52 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони манотиқи мухталифи навори Ғазза тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз шанбе, манотиқи мухталиф дар навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи шабакаи хабарии Алмаёдин, ҳавопаймоҳои ҷосусии режими ишғолгари саҳюнистӣ дар ҳамалоти имрӯзи худ хонаеро дар хиёбони Ярмук дар маркази Ғазза ҳадаф қарор доданд.
Ҷангандаҳои саҳюнистӣ ҳамчунин манзили шаҳид Баҳо Абулато, аз раҳбарони гардонҳои Қудс, ки ба ҳамроҳи ҳамсару кӯдаконаш ҳадафи ҳамлаи режими саҳюнистӣ қарор гирифт ва ба шаҳодат расидро дар маҳаллаи « Алшаҷиъ » воқеъ дар шарқи Ғазза ҳадаф қарор дода ва вайрон карданд.
Бар асоси ин гузориш ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар соъоти гузашта 7 хонаро дар навори Ғазза вайрон кардаанд.
Ба дунболи ин ҳамлаи режими саҳюнистӣ Ҷиҳоди исломии Фаластин арозии ишғолиро ҳадафи ҳамлаи густардаи  мушакии худ қарор дод.
Вазорати беҳдошти Ғазза асри рӯзи ҷумъа дар ҷадидтарин баёнияи худ эълом кард шумори шуҳадои фаластинӣ ба 33 нафар аз ҷумла 6 кӯдак ва 3 зан афзоиш ёфта ва шумори маҷрӯҳон низ ба 111 расидааст.
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп