Декабр 21, 2016 18:22 Asia/Dushanbe

Зиндагии фаластинёни сокини борикаи Ғазза бо фаро расидани фасли сармо душвортар шудааст.

Ба гузориши хабарнигори Садо ва симои Эрон дар Ғазза, фаластинёне ки хонаҳояшон дар ҷанги 51-рӯза вайрон шуда ва акнун дар хонаҳои муваққат зиндагӣ мекунанд, бо оғози фасли зимистон ва сард шудани ҳаво дучори мушкилоти зиёде шудаанд.

Сақф ва деворҳои бисёре аз ин хонаҳои муваққат вайрон шуда ва аз вуруди оби борон ва сармо ба даруни хонаҳо пешгирӣ намекунанд.

Бар асоси ин гузориш, оворагони фаластинӣ дар ҳоле дар ин шароити асафбор зиндагӣ мекунанд, ки арабҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияте ба вазъяяти онон намедиҳанд ва тавофуқномаҳои сохти сарпаноҳ барои ин оворагон, танҳо бар рӯи коғаз мондааст.